logo

иҷтимоиёт

КҲФ. ИҚТИДОРИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кӯҳсори мамлакат яке аз ниҳодҳои калидӣ дар амри пешгирии ҳолатҳои изтирорӣ ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиат ба шумор рафта, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ сол ба сол иқтидори мудофиавии худро таҳким мебахшад. Раиси кумита генерал - лейтенант Рустам Назарзода андешаҳояшро дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин баён намуд:
Таври маълум, бинобар тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурии мо низ равандҳои геологию гидрологӣ, аз қабили хушксолӣ, боронгариҳои тӯлонию обхезиҳо, омадани селу ярч ва фаромадани тарма, инчунин, заминларза нисбатан бештар ба амал омада, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ ворид месозад. Чунончӣ, тӯли шаш моҳи соли 2018 дар кишвар 145 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ ба маблағи 28 миллиону 988 ҳазору 400 сомонӣ зарар расондааст. Дар натиҷа ба 1485 хона (1437 адад зарари сабук, 28 адад пурра ва 20 адад қисман), 78 адад мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 21 дармонгоҳ, 5 иншооти маданиву маишӣ, 11.346 км роҳи нақлиёт, 47.151 км хати интиқоли барқ, 1.588 км иншооти соҳилбандӣ, 69.75 км хати обёрӣ ва каналҳо, 74.5 км заҳбуру заҳкаш, 15.5 км селпартовҳо, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ, 26 иншооти гуногуни хоҷагии халқ, 1063 адад иншооти ёрирасон,  3836.99 гектар кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарар расидааст.
То имрӯз аз ҷониби кумита ҳаҷми зарари расида муайян гардида, ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода барои расондани ёрии яквақтаинаи моддӣ ирсол шудааст. Айни замон, дар ноҳияи Панҷ барои 28 оила ва дар ноҳияи Фархор барои 14 оилаи зарардида сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисони кумита дар қаламрави кишвар қариб 400 минтақаи хавфнок вуҷуд дошта, бештар фаромадани тарма дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ба назар мерасад. Фаромадани сел бошад, аз ҳама зиёд дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешавад.
Барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти кумита дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои    миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти паст намудани хавфи офатҳои табиат, таъминоти воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти зарурӣ як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти пешгирӣ, эътино ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ба тасвиб расид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти пешгирии офатҳои табиат, ҳамчунин расондани ёрӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад.
Дар доираи лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Таҳкими иқтидор ба омодагӣ ва эътино», ки аз ҷониби Федератсияи Русия тавассути фонди Трастӣ маблағгузорӣ мегардад, аз ҷониби шарикони масъул - Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Вобаста ба татбиқи лоиҳа ҳаҷми маблағгузорӣ 1 650 000 доллари ИМА муайян гардидааст. Дар доираи маблағҳои мазкур 11 автомашинаи садамавӣ - наҷотдиҳии "Вепр", ки пурра таҷҳизонда шуда, барои вокуниши корҳои гуногуни наҷотдиҳӣ истифода мешаванд, техникаи вазнин ва махсус барои ҷузъу томҳои наҷотдиҳӣ, экскаватори борбардор харидорӣ гардиданд.
Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур соли равон барои сохторҳои кумита теъдоди зиёди таҷҳизоти нави ҷустуҷӯӣ - наҷотдиҳӣ ва техникаи вазнин супурда шуд.
Айни замон, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни кумита ва фонди Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ сохтмони бинои 3 - ошёна дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии кумита оғоз гардида, айни замон, дар арафаи анҷомёбист.
Қайд кардан ба маврид аст, ки роҳбарияти кумита ба масъалаи баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Вобаста ба ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он семинару конфронсҳо, курсҳои таълимӣ оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ташкил ва гузаронда мешаванд.
Ҳамкории мутақобила дар самти омӯзиш ва такмили ихтисос, байни кумита ва вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 70 нафар хизматчиёни ҳарбии кумита хатмкардаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа буда, аз ин шумора 12 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда адои вазифа доранд.
Мусоҳиб Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2018    №: 180    Мутолиа карданд: 238

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед