menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иҷтимоиёт

Баъзе мушкилоти Искандаркӯл

Кӯҳистони Зарафшон яке аз музофоти аз кӯлҳо ғанӣ будаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷо 60 кӯле ҳаст, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ беш аз як гектар масоҳатро фаро гирифтааст. Аз ин шумора 12 кӯл дар ҳавзаи Искандардарё воқеъ буда, миёни онҳо Искандаркӯл шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.
Таҳқиқи илмии Искандаркӯл аз соли 1841 оғоз ёфта то кунун давом дорад, вале бисёре аз мушкилоти он то ба ҳол ҳалли қотеи худро наёфтаанд.
Искандаркӯл дар байни кӯҳсори Фон аз сатҳи баҳр дар баландии 2195 м воқеъ буда, 3,4 км2 масоҳат, 71,7 м умқ, 172 миллион м3 захираи об ва 741 км2 ҳавзаи обғундор дорад.
То ба наздикиҳо чунин мепиндоштанд, ки кӯл номи худро аз исми Искандари Мақдунӣ гирифтааст. Он дар маъхазҳои таърихию географӣ бо номи Айн, Маҷмаъ, Дарёжа, Ҷай ва Таран ёд шудааст, вале дар асрҳои қадим ва миёна бо номи Искандаркӯл дучор намешавад. Кӯл бо ҳамин ном пас аз саёҳати аввалини муҳандисону муҳаққиқони рус (1841) пайдо шуд. Искандаркӯл вожаи мураккаби суғдӣ буда, аз се қисм таркиб ёфтааст. Дар забони суғдӣ «Иски» ва ё «аски» маънои «боло» ё баланд, «дар» фишурдаи калимаи «дара» аст. Ба пиндори мо ҷузъи сеюми ном на «кӯл» балки «қул» аст. «Қул» дар забони суғдӣ-яғнобӣ маънои  «чарогоҳ»-ро дорад. Пас, «Искандаркӯл» маънои «дараи баланди чарогоҳбоб»-ро медиҳад. Минбаъд зери таъсири забони тоҷикӣ «қул»-и суғдӣ шакли «кӯл»-ро гирифт, тағйири шакл ва маънӣ кард, зеро дар ин дараи баланди чарогоҳбоб маҷмаи об-кӯл воқеъ гаштааст.
Мувофиқи  маълумоти пойгоҳи обу ҳавосанҷии Искандаркӯл, дар ин мавзеъ зимистон мулоим ва тобистон салқин аст. Ҳарорати миёнаи он дар моҳи январ -50С ва ҳарорати моҳи июн – июл ба 15+180С мерасад. Искандаркӯл обашро  аз дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема, Панҷчашма ва аз чандин чашмаҳо мегирад. Ҳамаи рӯдҳои номбурда ғизогирии пиряхию барфӣ доранд. Давраи пуробии дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш ва Панҷчашма ба моҳҳои июл-август, вале Сарема ба июн рост меояд, зеро ҳавзаи он хобиши ҷанубӣ дорад, барвақт гарм мешавад. Дар зимистон сатҳи кӯл нопурра ях мебандад. Дар таркиби оби кӯл биокарбонатҳо, окиси калсий, силисий, хлор, сулфатҳо, фосфатҳо намакҳои сурмаю симоб ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Дар гирду атрофи Искандаркӯл 1300 намуди рустании дарахтӣ, буттагӣ ва алафӣ дучор мешаванд. Дар ҳавзаи Искандаркӯл марғзорҳо ва ҷангали бурсу хаданг мақоми хуб доранд. Олами ҳайвонот хеле гуногун буда, дар байнашон парандаҳо бештаранд. Искандаркӯл аз ҷиҳати сифат ва миқдори мавҷудоти зинда камбағал аст. Аз зоопланктонҳо ва ҳашароти мӯйлабдароз, харчангчаҳо. коловраткаҳо, гаммаридҳо, обсофкунаку кирминаи онҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Дар  Фондарё ва шохобҳои он (Яғноб, Искандар, Пасрӯд) ва Искандаркӯл танҳо бараҳнамоҳии тибетӣ зиндагӣ мекунад, ҳол он ки дар поёнҷараёни дарёи Зарафшон 21 ва саргаҳӣ он 3 намуд моҳӣ дучор мешавад.
Олимон П. Домрачев аз моҳӣ камбағал будани кӯлро ба кам будани маҳсулнокии биологӣ (планктонҳо), Р. Селиванов ин ҳолатро ба ҷавон будани кӯл ва мавҷудияти шаршараи баланд алоқаманд медонанд. Ин ҷо саволе пеш меояд, ки чаро моҳиён то ин дам аз дарёи Зарафшон ба Фондарё ва шохобҳои калони он паҳн шуда натавонистанд. Шояд омили маҳдудкунанда таркиби  кимиёвии дарёи Фон ва шохобҳои он бошад. Ин масъала таҳқиқи комплексиро тақозо дорад.
Искандаркӯл ва ҳавзаи он дорои сарватҳои зеризаминӣ (тилло, сурма, симоб, сиенитҳои нефелиндор, флюорит, сангҳои қиматбаҳо, мумиё ва ғайра),  энергетикию ирригатсионӣ, биологӣ, таҷдиди саломатию сайёҳӣ ва илҳоми эҷодӣ мебошанд.
Солҳои охир ғояи истифодаи маҷмӯии Искандаркӯл пеш омад, ки он аз се масъалаи ба ҳамдигар алоқаманд: гидроэнергетикӣ, ирригатсионӣ ва моҳипарварӣ иборат мебошад. Ҳоло нақшаи истифодаи комплексии захираҳои гидроэнергетикии дарёи Зарафшон ва шохобҳои он баррасӣ гардидааст.
Тибқи ин нақша дар заминаи Искандаркӯл-Искандардарё силсилаи нерӯгоҳҳо, аз ҷумла НБО-1-и Искандаркӯл – 120 МВт, НБО-и хурди Искандаркӯл-28 МВт ва НБО-2-и Искандаркӯл – 90 МВт созмон хоҳад ёфт. Барои кори босуботи ин нерӯгоҳҳо бояд Искандаркӯл ба обанбор табдил дода шавад. Барои ин бояд дар баромадгоҳи Искандардарё сарбанди баландиаш 40 метра сохта шавад. Он гоҳ ғунҷоиши умумии об 0,663 ва ҳаҷми фоидаовар 0,45 км3-ро ташкил медод ва харҷи бисёрсолаи дарё ба низом дароварда мешуд. Дар натиҷа сатҳи кӯл васеъ ва умқаш ба 110 м мерасид. Ин амал  боиси нобудшавии ҷангалзорҳо, зери об мондани Панҷчашма ва реги соҳили шимолу шарқии кӯл гардида,  қимати рекреатсионии он сахт коҳиш меёбад.  Аз ин лиҳоз ҳалли оқилонаи ин мушкилотро дарёфт намудан лозим аст. Ба андешаи мо сатҳи оби обанбор набояд аз сатҳи давраи серобии кӯл баланд хезад.
Барои босамар истифода намудани захираи оби Искандаркӯл баромадгоҳи Искандардарёро 10-20 м ва хатто аз он бештар паст фароварда, сарбанде сохтан даркор, ки сатҳи оби кӯлро ба андозаи давраи пуробии ҳозира бардорад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳам кори нерӯгоҳҳо хуб ва ҳусну назокати тӯли чандин ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта осеб набинад, кӯл қимати ҷаҳонии худро аз даст надиҳад.
То соли 1989 дар кӯли Морони шафати шимолии Искандаркӯл бараҳнамоҳии тибетӣ зиндагӣ мекард. Бо маслиҳати муаллифи ин сатрҳо ва кӯшиши собиқ раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ Аҳмадҷон Надиров солҳои тӯлонӣ бо мактубу дархостҳо ба ташкилотҳои ваколатдорӣ Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС муроҷиат карда шуд, ки масъалаи бо моҳиҳои сайдшаванда ғанӣ гардонидани Искандаркӯлу кӯли Морон ҳал карда шавад. Бино бар соли 1986 мутахассисони Қирғизистон ва соли 1987 Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ ҷумҳурӣ бо сарварии моҳишиноси шинохтаи тоҷик А. Расулов ба Искандаркӯл экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ фиристод. Экспедитсия кори зиёдеро анҷом дод ва ба хулосае омад, ки дар кӯли Морон бевосита ва дар Искандаркӯл бо усули махсус ва хӯрокдиҳии иловагӣ гулмоҳӣ парвариш кардан мумкин аст. Соли 1989 аз муассисаи обанбори Қайроққум моҳичаҳои гулмоҳиро оварда ба кӯли Морон сар доданд. Ҳоло ҳаваскорони шуғли моҳигирӣ метавонанд дар ин ҷо тариқи литсензия ба шикори моҳӣ машғул шаванд.
Гуногунии ландшафт, ҳавои салқину форами тобистон, реги соҳили кӯли Морон, Панҷчашма, шаршараи Искандардарё, ҷангалу тӯғайзорҳои резишгоҳи дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарема ва ғайра қимати хуби таҷдиди саломатӣ ва маърифатию эстетикӣ доранд. Ин ҷо ба қаиқронии варзишии баландкӯҳ машғул шудан мумкин аст.
Обу ҳавои фораму фараҳфазои Искандаркӯл ва атрофи он барои созмони курорту санаторияи иқлимии баландкӯҳ хеле мусоид мебошад.
Дар ҳавзаи Искандардарё-Искандаркӯл сангҳои ороишӣ: булури бисёрқирраи санги хоро, мармар, волоостанит, флюорит ва ғайра кашф шудаанд. Метавон дар заминаи ин сангҳо дар наздикии кӯл корхонаи хурди коркарди санг ва тайёр намудани ҳаргуна армуғонҳо барои сайёҳон созмон дода шавад.
Урдугоҳи сайёҳии «Искандаркӯл» дорои 200 ҷой буда, аз хона ва хаймаҳо иборатанд. Набудани оби гарм ва ҳоҷатхона дар дохили хонаҳо қимати ин мавзеъро коста мегардонад. Барои сайёҳон хатсайрҳои мушкилиашон гуногун таҳия шудааст, вале тарҷумонҳои хуб намерасанд, нозукиҳои табиат ба сайёҳон дуруст кушода дода намешавад. Баҳри бартараф намудани ин камбудиҳо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чораҳои мушаххас андешад.
Агар чораю тадбирҳои пешниҳодшуда ҷомаи амал пӯшанд, он гоҳ қимати иқтисодию иҷтимоии Искандаркӯл хеле  боло рафта он ҳамчун самараи соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ мегардад.
 

Ҳусейн АБРОРОВ,
ходими илмии Институти
масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад

Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд

Идрорпулии ISESCO таъсис ёфт

Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид

Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад

Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева

Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт

“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт

28.08.2010


Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад

Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад

Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад

Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд

Ду хабар аз Панҷакент

Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид

Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед