logo

иҷтимоиёт

Нур Табар: "Мо ба такомули маънавии ҷомеа масъулем"

Нур Табар - рӯзноманигор, драматург, нависанда, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ. Ӯ баъди хатми факултети  филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1962) ва бахши журналистикаи Академияи фанҳои  ҷамъиятии шаҳри Москва (1976) ба кори мудирият ва роҳбарӣ дар рӯзномаҳои мӯътабари  ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохтааст ва аз ҷумла замоне муҳаррири рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") буд. Мудирияти шӯъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизби шаҳри Душанбе, шӯъбаи фарҳанги Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои  мӯътабарро бар дӯш дошт. Барандаи Ҷоизаҳои хабарнигорӣ ва адабии ба номи устодон Лоҳутӣ ва Айнӣ, Корманди шоистаи ҷумҳурист.
Нур Табар муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Метавон дар ин радиф асарҳои "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ"-ро  зикр намуд, ки дар замони истиқлол офарида шудаанд.  Дар ин миён драмаи "Дар чорсӯ" аз тобноктарин осори саҳнавии Нур Табаров маҳсуб мешавад, ки дар театрҳои Душанбеву Хуҷанду Кӯлоб ва Бухорову Ишқобод рӯи саҳна омадааст.

- Устод, иртиботи мо бо зиндагӣ тавассути падару модар оғоз мешавад ва решаи мо дар онҳост. Вақте ки шумо кӯдакиро пеши назар меоред, симои ин азизон дар оинаи бачагӣ бештар бо кадом лаҳзаҳо ҷилвагар мешавад?
-  Айёми тифлӣ? Кӣ ин айёми гунаи биҳиштро ба ёд намеорад. Шояд худи табиат ҳамин як пораи босафою беғаши умри инсонро дар лавҳи хотирааш маҳз барои он хуб нақш мекунонад, ки аз он ба баъд, ҳар лаҳзаи душвору сангин ба ёд оварад ва дили аз ранҷу азият ба риққат омадаашро таскин бахшояд. Тифлӣ ҷаннати хурдест дар қалби мову шумо, як армуғони ҳамешасабз. Аммо аз руҷӯи хаёлоти нағз бигзарем ба он айёми дури ҳаёти ман, ки пора-пора, лавҳа- лавҳа, мисли навори филми кӯҳна пеши чашм мешаванд зинда...
Соли 1941… Ман чиҳилрӯза будаам, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт ва падарам Холмуҳаммад Табаров, ки муаллими мактаби деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон буд, яке аз аввалинҳо шуда ба фронт рафт. Дар он солҳо модарам дар мактаби ибтидоии деҳаи ҳамсоя дарс мегуфт. Модарам ҳар субҳ барвақт маро бедор мекард ва мо саросема як пиёла чой ё ширро бо пораи ноне тановул карда ба роҳ мебаромадем. Роҳи Душанбе-Кӯлоб аз деҳаи мо мегузашт ва  мошинҳо аксар ҳарбӣ буданд. Баъзан аскарбачаҳо моро бо худ мегирифтанд ва то деҳаи Хучалонӣ, ки модарам дар мактаби он деҳа кор мекард, бо мошинҳои ҳарбӣ мерафтем. Дар ин муддат ман ба набудани хӯҷаини хона, яъне падар, одат карда будам, вале як пагоҳӣ, пас аз бозгашти он кас аз фронт, ба гӯшам шӯру мағале расид. Берун тохта бинам - ҳамин одами либосаш солдатӣ, яъне падарам, то миён луч назди ҷумаки дастшӯӣ машғули шустушӯ, вале ҳамзамон ба сӯи модарам дӯғу даранг мезанад. "Ҳоло ист", - гуфтаму рафта аз назди оғил як шохаи дарози буридаи дарахтро бардошта овардаму бо нӯги панҷаҳои он ба пушти урёни падар задам. Вай аз зарбаи ногаҳонӣ ба ҳайрат афтод ва дид, ки ин манам, қаҳ-қаҳ  зада хандида гуфт:
- Офарин, ҳимоятгари модар! Шуд, сулҳ, мо дигар ҷанг нахоҳем кард!
Воқеан, то охири умраш ман боре надидам, ки ӯ ба завҷаи худ як сухани дурушт гуфта бошад, як зиёӣ марде буд, раҳматӣ. Аз адабиёту забон дарс мегуфт, чанде мудири маорифи ноҳияи Кофарниҳон буд, шогирдони зиёд дорад, ба некӣ ёдаш мекунанд.
Хушбахтона, модар - Моҳхоним, ки момокалон шудаанд, саломатанд, бо ақли расо ва хотираи рӯшан. Мо - фарзандон як зарра нурем аз ӯ ва аз падар.
- Шояд хотираи дигаре, ки ба ёд оварданаш бароятон хуш аст, нашри нахустин китоби ҳикояву очеркҳои Шумо "Роҳҳои дуру наздик" бошад, ки нашриёти "Ирфон" бо теъдоди ҳафт  ҳазор нусха ба чоп расонидааст? Аз он рӯз сию чаҳор сол гузаштааст… 
-  Китоби нахустин барои ҳар фарде, ки худро ба ин пайроҳаи пур аз шебу фароз мезанад, аҷаб не, ба фатҳи аввалин қулла  монанд бошад, ки болои он баромада атрофро аз сатҳи то ҳол надида менигарӣ ва мардум ҳам ҷониби  ту бо суоле дар дил нигоҳ мекунанд; ин чӣ нафарест, ки тори кӯҳпора истода? Ҳоло фуруд меояд ё роҳашро идома медиҳад?..
Шодии ба табъ расидани нахустин китоб ба хурсандии ногуфтанӣ аз таваллуди нахустин фарзанд монанд аст, ки гули орзуҳою ормонҳои дар дил будаи шуморо дар як он мешукуфонад.
Маҷмӯаи нахустин, албатта, ба навъе оинаест, ки дунёи хаёлоту тасаввурҳои ҳамонзамонаи шуморо инъикос менамояд ва дар он тасвирҳо рангомезиҳои содаву дур аз печидагиҳои ин ё он услуби нигориш ба чашм мехӯранд. Ман аз дӯсти айёми ҷавонӣ, адиби фозилу соҳибдили мо  Саттор Турсун, ки нахустин хонанда ва маслиҳатгари он маҷмӯа буд ва аз муҳаррири он Азизи Азиз сипосгузорам. Ин китобча маҳсули сафарҳои хориҷи кишвар ва хидмати дусолаи афсарӣ дар қисмҳои десантӣ буд ва аксари ин қайдҳои сафару ҳикояту ривоятҳо дар сафҳаҳои рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" ба табъ расида буданд.
Бояд бигӯям, ки дар ин ва маҷмӯаи дигари банда "Ин баҳор чӣ меорад?" чанд лавҳа ва ҳикояҳои хурде ҳастанд, ки бароям ҳоло ҳам  ба таври хоса садо медиҳанд, зеро қаҳрамонҳояшон аҳли деҳоте, ки дар он айёми тифлӣ, бачагиву ҷавониам гузашта буд, мебошанд. Ҳоло ҳам, ки ёдашон мекунам, дилам гум мезанад…
- Шумо ҳамчунин асарҳои зиёдеро аз адабиёти ҷаҳон ба тоҷикӣ баргардондаед, ки ин низ заҳмати кам нест. Чӣ гуна ба ин кор рӯй овардед?
- Табиист, ки симоҳои басо дилфиреби дар кино дидаву дар китобҳо  хонда сабаби чунин орзуҳои рангини айёми ҷавонӣ мешаванд… Яке аз  сабабҳои ҷиддии ба тарҷума  аз давраи донишҷӯӣ машғул шуданам, ин ҳаваси омӯхтани забони русӣ буд ва сабақҳои  нахустинамро аз бозиҳо бо бачаҳои русу русзабон мегирифтам, баъд таҳсил дар мактабҳои олии Душанбеву Маскав, худомӯзӣ… Зимнан, беҳтарин мактаби забондонӣ ва сайқали  ҳунар тарҷумаи асари бадеист.
Чунин шуд, ки баъд аз ворид шуданам ба муҳити театрӣ, гоҳе  бо хоҳиши режиссёрҳо, гоҳе худ, ба тарҷумаи пйесаҳои хуби  адибони гуногун пардохтам. Аз ҷумла, аксари драмаҳои  сиёсии  адиби рус Михаил Шатровро ба тоҷикӣ гардондам- "Лавҳаи инқилобӣ ё аспҳои сабз дар марғзори арғувонӣ" (равоншод Фаррух Қосим дар спектаклаш нақши  Ленинро  бе грим бозида буд), "Ба пеш, ба пеш" ва "Соли 1905".
Бо хоҳиши дӯстам, ҳунарманди варзидаи театру кино Ҳабибулло Абдураззоқов драмаи  адиби гурҷӣ А.Чхаидзе "Вақте ки шаҳр хуфта буд"-ро тарҷума кардам  ва ӯ онро рӯи саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ овард. Драма фарогири мавзӯи доғи замон буд ва ба дарди ашрофманишӣ гирифтор шудани сарварони ҳизбиро мазаммат мекард. Яке аз адибони намоёни онвақтаи мо баъди тамошои асар гуфт:
«Ин асари зиддишӯравист, ихтиёр ба дастам мебуд, манъ мекардам!»
- Шумо имрӯз бо писари Ҳабибулло Абдураззоқов - Барзу Абдураззоқов низ ҳамкории босамар доред…
- Бале. Писари боистеъдоди Ҳабибулло - Барзу  рӯзе хоҳиш  кард, ки як радиопиесаи Темур Зулфиқоровро бо номи "Муҳаббати нахустини Насриддин" тарҷума кунам ва маблағи заруриро низ ёфта диҳам, то ки ӯ як чизи саҳназебе таҳия кунад. Ҳамаи фармудаашро ба ҷо овардам ва рафтам ба Хуҷанд ба тамошои  нахустнамоиш бо номи ғалатии "Шапарак хоб дид". Бояд бигӯям, ки ин асар ҳарчанд дар "Парасту"  шоҳҷоиза нагирифт, вале дар Бишкек, Тошканд ва Олмону дигар кишварҳо чун беҳтарин падидаи театри қарни ХХ соҳиби унвонҳову мукофотҳо гашт...
Бо хоҳиши Барзу "Се хоҳар"-и А.Чеховро тарҷума кардам, вале  маҳсули заҳмати ман ҳанӯз истифода нашудааст, зеро ӯ ин асарро бо забони асл дар Театри русии ба номи В. Маяковский рӯи саҳна овард.  Соли 2008 Барзуи беқарор бо кӯмаки Маркази фарҳангии Фаронса дар Душанбе хост драмаи Славомир Мрожекро, ки пйесаи  беҳтарини баъдиҷангӣ дар Лаҳистон (Полша) ба ҳисоб меравад ва "Муҳоҷирон" ном дорад, ба тоҷикӣ гардонам ва онро пеши чашми ман, бо иштироки  ду ҳунарманди боистеъдоди мо -Қурбони Собир ва Нозими Мелик рӯи саҳна овард. Дигар ин моли соф миллии тоҷикӣ шуд ва қаҳрамонҳои бахтбаргаштаи он - ду муҳоҷири иҷбории мо дар кишвари бегона. Спектакл ҳамагӣ 5 - 6 бор намоиш дода шуд дар ду толори хурдакак, аммо овозаю дарвозааш ҳанӯз хомӯш нагашта. Чаро? Чунки он аз воқеияти даҳшатбори зиндагӣ ҳикоят мекунад ва онро як "ваҳшиодами хирадманди" асри ХХ эҷод кардааст.
Соли 2005 бо даъвати дӯсти афғонистонӣ, режиссёри шинохтаи синамо, раиси "Бунёди фарҳанги ҷомеаи маданӣ" Темуршоҳ Ҳакимёр ману ходими барҷастаи театри тоҷик Мирзоватан Миров барои  тадриси назария ва амалияи драма ба Кобул сафар кардем. Дар байни адабиёти зарурӣ асари яке аз арбобони намоёни театри гурҷӣ ва шӯравӣ Михаил Туманишвили "Введение в режиссуру" низ буд. Азбаски ин китоб дар ҳавзаҳои театрии шӯравӣ чун дастури таълимӣ баҳои баланд гирифтааст ва ҳунармандони имрӯзаву  фардоинаи мо ба чунин як мӯниси хирадманд ниёз доранд, дар фикри тарҷумаи он китоб афтодам ва дар зарфи ду сол онро бо номи "Раҳнамои режиссёр" ба тоҷикӣ гардондам.
Бо таассуф бояд бигӯям, ки адабиёти илмию таълимии ба забони модарии мо таҳия ва тарҷумашуда хеле кам аст. Агар вазъи таълиму  омӯзиши забони русиро дар  давраи 10-15 соли  охир  ба инобат гирем, донишомӯзони мо аз заъфи надонистани забони илмию адабии русӣ сахт азият мекашанд. Аз ин хотир, асари бунёдии ин режиссёри машҳур "Режиссёр аз театр меравад"-ро  низ ба тоҷикӣ тарҷума намудам. Ин асар таҳкурсии "Роҳнамои режиссёр" гардида буд. Ба мухлисони театр хабар медиҳам, ки заҳмати дусолаи тарҷумон анҷом  ёфт ва ин асар ҳам  ҳоло ба дасти чоп-дар матбааи "Маориф ва фарҳанг" аст. Ростӣ, аз ин  ду кори кардаам на фақат устодону шогирдони соҳаи  театр, балки худам ҳам шодам. Чанд муддат бо хоҳиши Темур Зулфиқоров ба тарҷумаи роман-устураи ӯ "Афъӣ -мори марҷонӣ" машғул будам. Пас аз баргардони чанд масалу он драмаи "Шапарак хоб дид", ӯ хоҳиш кард, ки ман ин асари тозаэҷодшудаашро "ба Ватан баргардонам бо забони ҳамватанонаш". Ҷои  шикваю шикоят нест-услуби баёни Темур бемислу нотакрор аст, шеъри ӯву насри ӯ шоирона, мутантан, образнок ва саршор аз маъноҳост.
- Аз зиндагиномаатон дарёфтем, ки  Шумо аз соли 1968 то 1970 чун  командири взводи десантчиён дар хизмати ҳарбӣ будед ва муддате хабарнигори махсуси рӯзномаи мӯътабари "Комсомольская правда" таъйин гардидаед. Сардабирии рӯзномаи "Комсомолец Таджикистана"-ро низ ба ӯҳда  доштед. Баъд муддате ба корҳои  ҳизбиву давлатӣ рӯй овардед… Ба рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" чӣ гуна ба кор омадед?
- Пас аз анҷоми хизмат дар сафи артиш, бо дастгирӣ ва ҳидояти равоншод Отахон Латифӣ, ки мухбири махсуси рӯзномаи "Комсомольская правда" дар  Осиёи Миёна таъйин гашт, маро бо ҳамон либоси лейтенанти  ВДВ ба Маскав, ба редаксияи ин нашрияи ҷавонони умумииттифоқ хонданд. Чанде пас нахустин мақолаи маро бо номи "Ман афсар!" чоп карданд ва  чун вакили худ ба Тоҷикистон фиристоданд. Дертар бо пешниҳоди Ибодат Раҳимова - котиби идеологии он замон  муҳаррири рӯзномаи "Комсомолец Таджикистана" таъин гардидам.
Меҳрубон шахсе буданд Ибодат Раҳимова, ёдашон бахайр. Чанде нагузашту (аз афташ, аз ӯҳдаи кор мебаромадаам) маро барои таҳсил ба Академияи улуми сиёсии назди КМ КПСС ба Маскав фиристоданд. Ба бадбахтии ман, он сол аз рӯйхати имтиҳони забони хориҷӣ-забони форсӣ  хат зада шуда буд - имтиҳони ягон забони аврупоиро бояд месупурдам. Ҳамин тавр шуду банда аз забони олмонӣ баҳои паст гирифтам ва комиссияи қабул дар ҳайрат монд, ки бо ман чӣ кор кунад: аз рисола "аъло", таърих - "аъло", боз кадом фанни дигаре низ "аъло", вале  аз забони хоричӣ "ғайриқаноатбахш". Аз ин хотир ба ман пешниҳод карданд, ки таҳсилро дар Мактаби олии ҳизбӣ, бахши журналистика, идома диҳам.
Ман, ки бо дили пурхиҷолат ба хона баргаштан намехостам, розигӣ додам ва ду соли бозгашт ба айёми донишандӯзӣ бароям муҳайё гашт ва ба ростӣ, онро беҳуда нагузарондам: Мактаби олии ҳизбиро бо дипломи "аъло" хатм карда ба Душанбе баргаштам. Аввал дар рӯзномаи "Коммунист Таджикистана" ба ҳайси мудири шӯъба бо шодравон Борис Пшеничний кор кардам, пасон Гулҷаҳон Бобосодиқова маро ба Кумитаи ҳизбии пойтахт чун  мудири шӯъбаи  тарғиботу ташвиқот ба кор гирифт ва чанде баъд аз он ҷо муҳаррири рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло "Ҷумҳурият") таъйин гаштам.
Солҳое, ки мо дар рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ кор мекардем, давраи пур аз ҷӯшу хурӯш буд, ки ном бурдани як сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак басанда аст. Илова бар он, тамоми соҳаҳои агросаноатӣ барои мо муҳимтарин буданд, зеро аксари хонандаи мо мардуми деҳот ба шумор мерафтанд, даҳҳо ҳазор обуначӣ доштем… Ҳайрон нашавед, яке аз сарчашмаҳои ғаноманди мавзӯъ - ҷаласаҳои Бюрои КМ ПК ва сӯҳбатҳои хосаи Котиби якуми онвақта Ҷаббор Расулов буд. Масалан, боре ӯ дар яке аз чунин сӯҳбатҳо чандин нафар деҳқонзодаҳои асилро номбар карда махсус таъкид намуд: - «Ба деҳаи Унҷӣ, колхози Ӯрунхоҷаев равед, он ҷо набераи оброни машҳур бухгалтер шуда кор мекунад. Қиссаи марги бобояшро пурсед…»
Маълум гардид, ки оброни солхӯрда шабона фонус гирифта ба пахта об мемонад. Нимаҳои шаб сел меояд, хатари шуста бурдани ниҳолҳои навруста ба миён меояд. Мӯйсафед - танҳо, чӣ бояд кард? Худашро ба дарғоти сарҷӯи лаби пахтазор гузошта бо ҷисми наҳифаш пеши селобро мегирад ва ниҳолаконашро ҳифз менамояд. Аммо пагоҳӣ одамон омада мебинанд, ки дили оброни пир кайҳо аз задан монда, вале фонусаш фурӯзон аст…
Он замон дар рӯзномаи мо журналистони басо пурқуввату боҳунар кор мекарданд, аз ҷумла Шафқат Саидов, Алиҷон Раҷабов, Маҳмудҷон Шаҳобуддинов, Мӯсо Мавлавӣ, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Саидмурод Фаттоев, Турдиалӣ Бойбобоев, Аловуддин Давлатов, Мамадвафо Мамадризоев, Набиҷон Каримов, Ғуломҳайдар Муродалиев, Асадулло Саъдуллоев, Раҷаб Мардонов, Ҳилолиёни Аскар, Мавлон Узоқов, Кароматтуло Мирзоев, Имомназар Холназар, Назрулло Латифов, Сайф Раҳимзод ва устоди ҳамаи мо равоншод Мутеулло Наҷмиддинов. Оё ман, гумон мекунед, Абдуҳалим Шукуров, Инъом Мӯсоев, Исо Раҳим, Усмон Шарифзода, Хушвахт Назаров, Ҳабибулло Ёров, Усмон Солеҳ, Амонбек Шоҳзода, Маҳмадшариф Бобошоев, Қурбон Мадалиеву Давлати Даврон, Ёфахонуму Мамлакатхонум, Абдулло Дӯст ва дигар ҳамкоронро фаромӯш кардаам? Ҳаргиз!
Ман аз устодон Ғоиб Қаландаров ва Отахон Латифӣ, Шодӣ Саид ва Ибодулло Файзуллоев, Ҳалимшо Салимшо, ва Мирзо Шукурзода ҳамеша ёд мекунам, онҳо дар таърихи матбуоти мо, публисистикаи тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Бояд бигӯям, ки аксари кормандони рӯзнома ҷавонони ҷӯянда буданд ва мекӯшиданд мавзӯъро дақиқ ва огоҳона таҳқиқ карда пасон сухан гӯянд. Аз ин рӯ, тирашон камтар ба ҳадар мерафт. Баромадҳои рӯзнома аксаран мавзӯи баҳсу мунозира ва чорабиниҳои ҷиддӣ мегашт.
- Аз нигоҳи Шумо рисолати рӯзноманигор чист? Оё он замон рисолати рӯзноманигор тафовуте дошт аз имрӯз?
- Васоити ахбори умумро беҳуда рукни чаҳоруми ҳокимият наменоманд, яъне қадру арзишмандии он дар ҷомеа ба нақши ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ баробар карда мешавад.
Агар рукнҳои зикрёфтаи ҳокимият василаҳои гуногуни ҳукмронии хешро дошта бошанд (аз қабили қонунҳо, назорати иҷрои онҳо ва ҳифзи онҳо, ҳимояти сарватҳои моддӣ ва маънавии давлат, сарҳад ва ғайра), ҳокимияти чаҳорум як василаи нодири ба худ хос, аммо басо муассир дорад - сухан! Ва ин сухан бояд сухани рост (ҳақиқат) ва адолатпаноҳ бошад, дар акси ҳол боиси харобии маънавӣ ва моддии ҷомеа мегардад.
Бидуни шак, васоити ахбори имрӯза чун худи замона аз он давраҳо тафовути назаррас дорад. Бо тағйир ёфтани системаи сиёсию иҷтимоӣ ҳама рукнҳои давлатдорӣ, аз ҷумла рукни чаҳорум ҳам, дигаргун мешавад ва муҳимтар аз ҳама, аҳли қалам аз озодиҳои демократие, ки пас аз истиқлоли кишвар насибашон гардид, метавонанд комилан истифода кунанд.
Дар бораи характер ё мундариҷаи матбуоти давлатӣ ва хусусӣ баҳсу мунозира ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба фикрам, дар ин соҳа низ қонуни режими бозаргонӣ таъсири хешро мегузорад ва ҳар як иштирокчии ин раванд роҳу усули ба худ хоси амалкардро меҷӯяд ва аксар ин равишҳо метавонанд натиҷаҳои ғайричашмдошт ба миён оранд. Фикр мекунам, аз гуногунандешӣ, шаклҳои наву тозаи таҳқиқи мавзӯъ ва баёни он набояд ҳаросид. Муҳимтарин ҷиҳати кори мо - оҳанги созандаву бунёдкорӣ доштани сухани мост. Ҳақиқатнигорию адолатпарварӣ беҳтарин ҳадафҳои матбуот хоҳад монд. Мо ба такомули маънавии ҷомеа масъулем.
Ба ҳамаи аҳли қалами "Ҷумҳурият" барори кор мехоҳам.

Сӯҳбатнигор
Барнои ҚОДИРДУХТ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 683

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед