илм
Дар Паём бо назардошти муҳимияти нақши илм дар рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва маърифатӣ - фарҳангии ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид мегардад: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд». Санаи нашр: 01.03.2021 №:44 пурра >>> |
сиёсат
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсоз гардидем, ки моро ба марҳилаи шукуфову ободонии аз ин бештар мерасонанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳои возеҳ оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли ин ҳарф заданд. Санаи нашр: 01.03.2021 №:44 пурра >>> |
иҷтимоиёт
- Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4201 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 3623 чорабинӣ амалӣ шуд, ки ин 86 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Санаи нашр: 25.02.2021 №:42 пурра >>> |
Танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки пандемияи COVID-19 таъсири амиқӣ худро ба самтҳои зикргардида расонд, барои бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Оид ба тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумат дар ин самт суҳбати Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манзури хонандагон мегардонем. Санаи нашр: 26.02.2021 №:43 пурра >>> |
иқтисод
Пошидани маводи зиддилағжиш дар роҳҳои автомобилгард яке аз корҳои муҳими зимистонгузаронист, ки аз хавфи рух додани садамаи наклиётӣ ҳангоми яхбандӣ эмин нигоҳ медорад. Аммо серборишу сард омадани аввали зимистони имсола заъфи кори масъулони бахши нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро дар баъзе шаҳру навоҳӣ нишон дод. Санаи нашр: 24.02.2021 №:41 пурра >>> |
иҷтимоиёт
Зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабарнигори “Ҷумҳурият” аз вазъи номукаммали инфрасохтори деҳаи навбунёди Чоргули ноҳияи Лахш пурсон шуд, ки он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, № 430 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» то соли 2016 бояд бунёд меёфт. Санаи нашр: 01.03.2021 №:44 пурра >>> |
Соли гузашта бо сабаби бемории COVID – 19 воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 71, 2 миллион сомонӣ кам гардида, 2 миллиарду 891 миллион сомониро ташкил дод. Талабот барои маблағгузории нафақа ва ёрипулиҳои иҷтимоӣ 2,09 дарсад афзуд.
Санаи нашр: 26.02.2021 №:43 пурра >>> |
ҳуқуқ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Фаридун Мирзоев, ҷарроҳи шифохонаи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом шуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Санаи нашр: 26.02.2021 №:43 пурра >>> |
Суди шаҳри Хуҷанд Исмоил Рустамзода, муовини сардори раёсат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба буҷети давлатӣ ва иҷроиши он дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор…) гунаҳкор донист. Бо ҳалномаи суд, ки нусхаи он дар ихтиёри «Ҷумҳурият» қарор дорад, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи се ҳазору ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 214 600 сомонӣ, ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар Палатаи ҳисоб ба муҳлати 2 сол таъйин шуд. Санаи нашр: 25.02.2021 №:42 пурра >>> |
фарҳанг
Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар филворди навбатӣ калимаҳо дар мавзӯи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои аслиҳаҳои ҷангӣ ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоянд. Санаи нашр: 26.02.2021 №:43 пурра >>> |
маориф
Се соли охир дар пойтахт қариб 200 майдончаи варзишу бозии кӯдакон бунёд гардид, ки бесобиқа аст. Аммо, мутаассифона, имрӯз дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакон хароб гардидаанд, ки ин боиси нигаронист.
Санаи нашр: 26.02.2021 №:43 пурра >>> |
туризм
Дар соли 2020 бинобар паҳншавии пандемияи COVID-19 сайёҳӣ ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ шуд. Вазъ боиси коҳиш ёфтани сафи ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон гардид. Хабарнигори рӯзнома дар бораи мушкилот ва дурнамои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода мусоҳиб шуд. Санаи нашр: 25.02.2021 №:42 пурра >>> |
номаҳо
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем». Дар ҳақиқат, барои дар сатҳи баланд доир шудани ин озмунҳо маблағҳои калон ҷудо намуданд. Тавре аз ин Паём бармеояд, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида имсол зиёд мешавад. Баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тарғиби китоб, мутолиаи он, махсусан аз шумори хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ афзуд. Ба ин васила тухми меҳри китоб дар дилҳои наврасону ҷавонон кошта шуд, ки сол ба сол самари он зиёд мегардад. Санаи нашр: 24.02.2021 №:41 пурра >>> |
озмунҳо
> Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба
30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ОЗМУН эълон менамояд.
|
|