logo

туризм

Рушди туризм боиси беҳзистии мардум мегардад

Туризм яке аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати даромаднокӣ баъди истеҳсоли нефт ва соҳаи мошинбарорӣ дар ҷои сеюм меистад. Новобаста аз мушкилоти молиявие, ки соли 2012 аксар кишварҳо бо он рӯ ба рӯ шуданд, теъдоди сайёҳон дар ҷаҳон ба 1 миллиард нафар расид. Соли гузашта баландтарин нишондиҳандаҳои рушди туризм дар Осиё (7%) ба қайд гирифта шуд. Дар ин бобат Африко (6%) ҷои дуюмро мегирад.
Аврупо дерест ҷолибтарин минтақаи сайёҳии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ба мушкилиҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо нигоҳ накарда, нишондиҳандаҳои туризми байналмилалӣ дар ин ҷо 3% баланд шуд. Алалхусус, рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон назаррас аст. Соли 2012 дар меҳмонхонаҳои Олмон сайёҳон 4% бештар будубош карданд. Шумораи сайёҳони хориҷӣ 8% афзуд. Олмониҳо дар ҷаҳон қаҳрамони сайру саёҳат ба ҳисоб мераванд. Танҳо аз се як ҳиссаи олмониҳо рухсатиро дар ватани худ мегузаронанд. Боқимонда ба кишварҳои дуру наздик ба саёҳат мераванд. Соли 2012 сайёҳони олмонӣ дар хориҷи кишвар 64 миллиард евро сарф намуданд, ки ин нисбат ба соли 2011 -ум 2,2 миллиард евро зиёд аст. Аксари олмониҳо ба Испания, Туркия ва Италия сафар мекунанд.
Ҳар сол дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ («ITB Берлин - 2013») доир мегардад. Ин чорабинии бошукуҳ соли ҷорӣ аз 6 то 10 март баргузор шуд, ки дар он 10086 намоянда аз 188 мамлакат ширкат варзид. Кишвари моро дар ин ҳамоиш Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ, Имомиддин Сатторов, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва намояндагони 15 ширкати сайёҳии ба туризми воридотӣ машғулбуда, ба монанди "Гулистон Тур", ҶСК "Куҳандиз", "Сафари Помир" намояндагӣ карданд.
Чорабинии мазкур дар Маҷмааи намоишгоҳи "Messe Berlin GmbH"-и шаҳри Берлин, ки дар майдони 160 000 метри мураббаъ доман паҳн кардааст, баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи 47-умин Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ "ITB Берлин-2013" Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Ангела Меркел доир ба нақши туризм дар иқтисоди Олмон маълумот дода, таъкид намуд, ки ҶФО дар самти қабули сайёҳони хориҷӣ баъди Фаронса ҷои дуюмро мегирад. Ҳамасола ба Олмон 76 миллион сайёҳ меоянд, ки аз онҳо 17 миллион нафарашон ҳатман аз Берлин дидан мекунанд.
Соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагони мақомоти давлатии сохтори туризм ва ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ гӯшаи Тоҷикистонро таъсис дода, захираҳои туристии кишвари офтобиамонро муаррифӣ менамоянд. Чорабинии мазкур имкони беҳтарини ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар натиҷаи фаъолона ширкат варзидан дар ин гуна намоишгоҳҳо омадани сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат торафт меафзояд.
- Мо мебинем, ки шавқмандони дидани Тоҷикистон рӯз ба рӯз зиёд мешаванд, -мегӯяд Маликшо Неъматов. -Масалан, соли гузашта ба ҷумҳурии мо 350 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард. Ин шумора бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи мо аз нигоҳи инфрасохторӣ натиҷаи хуб ба ҳисоб меравад.
Туфайли заҳмату талошҳои пайгирона ва муаррифии хуб аст, ки тайи 3-4 соли охир ташрифи сайёҳони аврупоӣ ба Тоҷикистон даҳчанд шудааст. Ин буд, ки дар рейтинги ҷаҳо-нии  "Индекси рақобатнокии сохтори туризм барои соли 2013" Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 139 кишвар ҷои 114-ро ишғол намуд. Тайи ду соли охир ҷумҳурии мо дар бахши фазои мусоиди тиҷоратӣ ва инфрасохтори соҳа 2,69 хол ва дар бахши захираҳои инсонӣ, фарҳангӣ ва табиӣ 3,26 хол гирифт. Ба истифода додани роҳу нақбҳо, меҳмонхонаҳо ва иншооти гуногуни туристӣ, иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ боиси ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон шудааст. Дар ҳисоботи мазкур омадааст, ки Тоҷикистон дар муқоиса бо ду соли қабл чор зина боло баромад.
Бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ тайи се соли охир шаҳрвандони 80 мамлакат дар фурудгоҳи пойтахт раводиди Тоҷикистонро гирифта истодаанд. Ҳамчунин, арзиши раводиди мамлакат нисбатан арзон гашта, ба 25 доллар расид. Бо пешниҳоди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯҳнавардони хориҷӣ аз пардохти 100 долларе, ки қаблан барои фатҳи қуллаҳои баланд месупориданд, озод шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳо боиси ба мамлакат бештар омадани сайёҳон мегардад.
- Бо мақсади баланд бардоштани малакаи кормандони ширкатҳои туристии мамлакат ноябр-декабри соли гузашта семинарҳои омӯзишӣ доир гардиданд,-мегӯяд Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. - Коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон Шайх Раҳматуллоҳ ба мутахассисони ватанӣ аз таҷрибаи бисёрсолаи кориаш дар мамолики хориҷӣ нақлҳои ҷолиб кард. Ҳамчунин, се сол боз дар Рӯзи байналмилалии туризм (27 сентябр) дар меҳмонхонаи "Ҳайят реҷенсӣ"-и пойтахт конфронси байналмилалӣ баргузор менамоем.
Дар ҷумҳурӣ ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи туризм диққати ҷиддӣ дода мешавад. Алҳол дар 6 мактаби олии мамлакат донишҷӯён соҳиби тахассуси соҳаи туризм мегарданд.
Солҳои охир дар маҷаллаҳои соҳавӣ ва сомонаҳои интернетӣ сайёҳони хориҷӣ хотираҳои худро аз сафар ба Тоҷикистон менависанд, ки хеле ҷолиб аст. Ду сол пеш Дабири кулли Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоҳӣ зимни ташрифи расмии худ ба Тоҷикистон хабарнигорони варзидаи соҳаи туризмро низ овард. Онҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар карда, хотираҳои рангинашонро дар маҷаллаҳои гуногун ба табъ расониданд. Навиштаҳои онҳо, бешубҳа, дар дили хонандагон шавқи дидани Тоҷикистонро бедор мекунад.
- Мувофиқи тадқиқоти олимон дар ҳудуди Тоҷикистон 900 геокомплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт (манзара) мавҷуд аст,-мегӯяд доктори илмҳои география Холназар Муҳаббатов. -Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 чашма, аз он ҷумла, 40 чашмаи термалӣ (гарм), 1400 растании шифобахш мавҷуданд. Шароити гуногуни табиӣ, мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба мо имкон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон соҳаи туризмро инкишоф дода, дар ғанӣ гардонидаи буҷаи давлат саҳми худро гузорем.
Ҳақиқати бе баҳс аст, ки рушди туризм боиси пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, ғанишавии буҷа ва некӯаҳволии мардуми кишвар мешавад. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарғиби захираҳои туристии мамлакат, тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зисти худ ҳиссаи босазо гузорем.

Самариддин АСОЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.13    №: 56    Мутолиа карданд: 6605
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед