logo

маориф

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба низоми кредитӣ мегузарад

Ин нуктаро Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, таъкид намуд, ки низоми нав бартариҳои зиёде дорад. Ба андешаи ӯ, низоми кредитии таълим имкон медиҳад, ки донишҷӯ мустақилона ва тамоми сол машғули омӯзиш бошад, устодро худ интихоб намояд ва ҳамарӯза аз ҷараёни донишандӯзиаш ба раёсати донишгоҳ ҳисобот диҳад. Тавре мавсуф ёдовар шуд, низоми кредитӣ ба пешгирии фасод низ мусоидат хоҳад намуд. Роҳи дигари пешгирии фасодро ӯ дар ҷорӣ намудани имтиҳони тестӣ медонад. Ҳоло даври дуюму сеюми қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ ба тариқи тест сурат мегирад.
Дастоварди дигари ин муассисаи таълимӣ  таъсиси студияи телевизионии "Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон" ва бунёди матбаа мебошад. Барои ифтитоҳи радиои донишгоҳ низ таҷҳизоти зарурӣ харида шудааст ва рӯзҳои наздик он ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Дар ин самт донишгоҳ ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ шартнома ба тасвиб расонидааст. Ҳамин тавр, барномаҳои дар студияи донишгоҳ таҳиянамудаи донишҷӯён тавассути радиоию телевизиони ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Хотирнишон бояд кард, ки имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 16394 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ донишгоҳ бо 127 давлат шартнома ба имзо расонидааст.

Барнои  АЮБЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.12    №: 8    Мутолиа карданд: 5309
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед