logo

энергетика

Дар Брюссел аз ҳамкориҳои энергетикӣ гуфтугӯ карданд

Рустамҷон Солеҳов, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, дар шаҳри Брюссел бо Ҳюнтер Оттингер, комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба энергетика, вохӯрӣ кард.
Вазъу дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, бавижа дар бахши энергетика, дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт. Ҳюнтер Оттингер вазъи робитаҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро мусбат арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин ҳамкориҳо тамоюли устувори рушди густаришро дороанд.
Рустамҷон Солеҳов ба мусоҳиби худ дар бораи захираи неруи гидроэнергетикии кишвар, татбиқи барномаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, судмандии онҳо барои Тоҷикистон ва минтақа, бавижа дар раванди  барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, муфассал маълумот дод. Дар робита ба ин дурнамои ҳамкориҳои энергетикии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва ёрии имконпазири ИА дар татбиқи барномаҳои соҳа баррасӣ гардид.
Сафири Тоҷикистон ҳамсуҳбати худро аз ҷараёни омодагӣ ба Конфронси панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ оид ба Афғонистон, ки баргузории он 26-27 марти соли равон дар шаҳри Душанбе дар нақша аст, хабардор сохта, аз Ҳюнтер Оттингер хоҳиш намуд, то ба таъмини ширкати намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар кори ин ҷамъомади муҳим мусоидат намояд.

А. НАЗРУЛЛОҲ,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.12    №: 14    Мутолиа карданд: 2083
17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед