logo

маориф

Эҳтимоми инсондӯстонаи Ҳукумат

Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Маҷлиси Олӣ аз паёмҳои солҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Бахусус ҷанбаи иҷтимоии он, ки ба дастгирии аҳли илму маориф ва фарҳанги кишвар ишорати равшан дорад, хеле қавӣ садо дод.

Дар оғози Паём ба масъалаи баланд бардоштани музди кори кормандони соҳаҳои маориф, тандурустию фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, ки ин амр далели шоёни ғамхории рӯзафзуни Президенти мамлакат нисбат  ба устодону олимон, омӯзгорону аҳли ҳунар ба шумор меояд. Ба андозаи 200 сомонӣ расонидани ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон баёнгари он аст, ки имкониятҳои истеҳсоливу иҷтимоии мамлакат сол ба сол боло рафта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ коҳиш меёбад.
Таҳлили солонаи ибтикороти Сарвари давлат дар мавриди афзудани ҳаҷми музди кор дар давоми солҳои аз 2001 то имрӯз далелест, ки воқеан дар давоми беш аз 10 сол музди кори омӯзгорон аз 7 сомонӣ то ба зиёда аз 200 сомонӣ боло рафтааст, ки ин нукта аз эҳтимоми инсонгаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли илму маориф паём мерасонад. Ҳамзамон бо дастури Президент ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки маблағҳои озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллиро пеш аз ҳама барои афзоиши ҳаҷми музди кор равона намоянд.
Нуктаи бисёр муҳим дар Паёми мазкур таваҷҷуҳ ба фаъолияти соҳибкорӣ, хоса он соҳибкороне, ки ба сохтмони мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангӣ иқдом мекунанд, маҳсуб мешавад. Дар ин замина Сарвари давлат бо ишорат бар ин, ки ба ин гурӯҳи соҳибкорон имконият дода шавад аз баъзе намуди андозҳо озод гарданд, сиёсати дурбинонаи дастгирии соҳибкориро татбиқ намуда, барои ҷалби бештари ин доира ба корҳои муассир дар ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири равшан гузоштанд. Эҳсос мешавад, ки ҷомеа, бахусус соҳибкорони сатҳҳои гуногун, низ аз ин иқдом ба хубӣ истиқбол намуданд ва умедворем, ки онҳо ба ин васила дар амри пешрафти илму маориф ва фарҳанг иқдом хоҳанд кард.
Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаи таъсиси ҳукумати электронӣ дар кишвар эътибори махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла масъалаи давра ба давра гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва татбиқи  "Консепсияи ташаккули  ҳукумати электронӣ", ки тақозои замон аст ва он барои ба сатҳи ҷаҳонии идораи давлатӣ баромадани кишвари мо роҳ мекушояд. Илова бар ин, гузаштан ба чунин низоми нави идораи мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, ки садҳои маснӯъӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои гуногун, коҳиш ёфтани сатҳи коррупсия ва дигар муносибатҳои номатлуб аз миён бардошта шавад. Ин тадбири нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба хотири таъмини некӯаҳволии мардуми кишвар ва беҳдошти рӯзгори он андешида шудааст. Бовар дорам, ки ин иқдом дар кӯтоҳтарин фурсат истиқболи тамом дар ҷомеа пайдо хоҳад намуд.
Дар мавриди мусоидат дар беҳдошти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки зинаи асосӣ ва зербинои маърифати инсонӣ маҳсуб меёбад, низ андешаҳои пурсуд баён гардиданд. Мутмаинам, ки минбаъд соҳаи маориф чун яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон бо корбурди ин барномаҳои судманди давлатӣ ба мақоми баланди пешрафтҳо хоҳад расид.
Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон дурнамои воқеии пешрафтҳои кишвар унвон кард, ки амалигардии маҷмӯи пешниҳод ва дастурҳои ҳидоятгароёнаи он метавонанд кишвари моро ба қуллаҳои саодат ва пешрафтҳои тозаву муборак бирасонанд.

Абдуфаттоҳ РАҲИМОВ,
ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.12    №: 58    Мутолиа карданд: 2939
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед